Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ иштирок хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 09.10.18 АМИТ /«Ховар»/. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки 12 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласа баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, самтҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ байни давлатҳои ИДМ, дурнамои системаи муттаҳидаи назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ба нақша гирифта шудааст.
Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, ки ҳамчунин дар мулоқоти мазкур масъалаҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини парвозҳои ҳавопаймоии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ, татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти низомӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ хоҳанд шуд.
«Ғайр аз ин аъзои Шӯро ният доранд, ки нақшаи кории шӯроро дар соли 2019 қабул намоянд, ҳуҷҷатҳоро оид ба системаи алоқаи муштараки қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, таъминоти иттилоотӣ оид ба фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ дар давраи то соли 2022, ҳамкорӣ дар самти баҳрнавардӣ, геотехникӣ, геодезия, метрологияро ба имзо расонанд, чораҳои муштараки системаи муштараки ҳавоӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2019-ро тасдиқ намоянд ва инчунин як зумра масъалаҳои дигарро дида бароянд»,- омадааст дар иттилоия.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






