Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи қаллобӣ бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замин хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза қишрҳои гуногуни ҷомеа ба мақомоти корҳои дохилии мамлакат муроҷиат намуда, оид ба дуздӣ, авбошӣ, роҳзанӣ ва рух додани садамаву дигар рӯйдодҳо хабар медиҳанд. Кормандони ин ниҳод аз рӯйи дархосту аризаҳои сокинон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ доир намуда, арзу шикояти онҳоро баррасӣ мекунанд.
Чанде аз чунин хабарҳоро, ки аз ВКД ба мо пешниҳод намуданд, ба хотири пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ манзури хонандагон мегардонем.
Қаллобӣ бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замин
Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2016, зани 39-солаи сокини маҳаллаи Ҳ.Шерозӣ бо маслиҳати пешакӣ бо марди 29-солаи сокини маҳаллаи С.Вализода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаҳои Гулбоғ ва У.Хаёми шаҳри Кӯлоб 73 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар деҳаи Чимтеппа
27 октябри соли 2018, тахминан соати 05:20, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ҳамроев Файзулло, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, шаҳрвандон Усмонов Холмаҳмад Хурсандович, соли таваллудаш 1996 ва Ғозиев Ёқубҷон Маҳмадназарович, соли таваллудаш 2000, сокинони ноҳияи Восеъро, ки дар як дучарха ҳаракат мекарданд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, шаҳрванд Усмонов Х.Х. ба ҳалокат расидааст.
Даст ба дуздӣ задани падару писар
Ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27 октябри соли 2018, тахминан соати 06:00, собиқ шавҳараш, марди 46-сола бо ҳамроҳии писари 19-солааш, сокинони деҳаи Дарёобод, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи хобаш ворид шуда, аз он ҷо 27 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ошкор шудани дуздии дарвозаҳои оҳанин
Зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи майи соли 2018 бо роҳи пинҳонӣ ба дӯкони савдои соҳибкор, марди 41-солаи сокини шаҳри Бохтар, дар бозори «Ҷал-Ҷам»-и шаҳри Душанбе ворид шуда, 5 адад дарвозаҳои оҳанинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






