Ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар шаҳри Хоруғ ба корҷӯён дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он касбҳои мухталиф пешниҳод намуд
ХОРУҒ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе Суҳроб Тошев гуфт, ки ҳадафи асосии ярмарка ба танзим даровардани бозори меҳнат ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Агар дар ярмаркаҳои қаблӣ танҳо дар ҳудуди вилоят ҷойи кор манзур карда мешуд, имрӯз ба корҷӯён дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ҷойҳои корӣ пешниҳод гардиданд.
Зикр карда шуд, ки нафароне, ки хоҳиши дар Россия кор кардан доранд, ба онҳо низ роҳхат дода мешавад. Зеро мутобиқи шартнома байни Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ ва сохторҳои марбутаи Россия мо метавонем баъзе шаҳрвандонро барои кор ба вилоятҳои Мурманск, Санкт-Петербург ва Москва равон кунем.
Масъулини бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва марказҳои калонсолони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз чунин ярмарка хоҳишмандонеро сабти ном карданд, ки азми омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ё касбҳои дигар доранд. Теъдоди чунин хоҳишмандон то ба 120 нафар расид.
Ҳамчунин Агентии мазкур бо ҳамин теъдод корҷӯёнро номнавис карда, ба онҳо кафолат дод, ки дар зудтарин фурсат онҳоро бо ҷои кор таъмин мекунад.
Масъулин изҳор доштанд, ки ярмарка чанд рӯзи дигар идома меёбад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






