Зебосанам аз Тоҷикистон ғолиби озмуни «Face of Central Asia-2019» гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Валерия Мороз – зебосанам аз Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии «Чеҳраи Осиёи Миёна – 2019» («Face of Central Asia-2019»), ки 26 октябр дар Душанбе баргузор шуд, ғолиб гардид. Мақоми дуюму сеюм мутаносибан насиби Екатерина Руденко ва Камран Илесев аз Қирғизистон шуд.
Фотима Маҳмадалиева, намоянда ва ташкилкунандаи асосии озмуни «Face of Central Asia-2019» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки озмун дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсӣ» доир гардид ва дар он аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон намояндагон ё муаррифони либосҳо (модел) иштирок доштанд. Онҳо либосҳои омоданамудаи тарроҳон аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Кореяи Ҷанубиро муаррифӣ намуданд.
«Аъзои ҳакамон аз 15 нафар иборат буда, 4 нафари онҳо аз Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Ғолибони ин озмун имкони иштирок дар Фестивали моделҳои Осиёро ба даст меоранд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад».-гуфт Фотима Маҳмадалиева.
Мақсади асосии ташкили озмуни мазкур намоиши фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва зебоии табиии сокинони ин минтақа арзёбӣ мешавад.
Озмуни мазкур ҳамасола баргузор карда шуда, он имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






