ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҳисор 600 иншоот ба истифода дода мешаванд

Ноябрь 8, 2018 08:41

ДУШАНБЕ, 08.10.2018/АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Ҳисор  беш аз 600 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармеъмори  шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов иброз дошт. Мавсуф гуфт, ки  ҷиҳати   сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори  Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Ҳисор нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки фарогири беш аз 600 банд аст.

Дар асоси ин нақша дар  даҳ ҷамоати деҳот ва ду ҷамоати шаҳраки шаҳри Ҳисор иншооти гуногун дар соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш, шабакаҳои обрасонӣ ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки ба беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинони шаҳри  Ҳисор мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Ҳисор  дар маҷмӯъ  қариб 50 мағоза,  45 маркази савдою хизматрасонӣ,  беш аз 40 муассисаи тиббӣ, 22 дорухона, 40 майдончаи варзишӣ, 70 сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн,  35 нонвойхона, 22 чойхона ва 20 ҳаммом ба истифода дода мешаванд. Раванди бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногуни бахши  савдою хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати рӯзгори сокинон ва ба сатҳи  шаҳр наздик намудани сатҳи зиндагӣ дар деҳот заминаи устувор ва мусоид фароҳам меорад.

Сармеъмори шаҳри Ҳисор афзуд, ки  аз 600 иншооти ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёдшаванда беш аз 400 адади он аз ҳисоби соҳибкорони шаҳри Ҳисор  ва шахсони  эҳсонкору саховатпешша мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ҳамзамон бо мақсади  рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ   ва  аз кишвари аграрӣ  ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани  мамлакат  то ин ҷашни давлатӣ дар шаҳри Ҳисор шаш  корхонаи саноатӣ, 33 коргоҳи дӯзандагӣ, 30  коргоҳи хурд,  5 коргоҳи атласу адрасбофӣ, 5 корхонаи парандапарварӣ, 2 фермаи чорвопарварӣ, 2 боғи интенсивӣ, беш аз 20 корхонаи мевахушккунию  коркард ва сардхонаю гармхона бунёд мегарданд.

Инчунин то таҷлили санаи мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷиҳати  рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ,  баланд бардоштани сатҳи маърифат ва маънавиёт, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароғату  тафреҳи аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор 7 мактаб, 12 муассисаи томактабӣ, беш аз 60 синфхонаи иловагӣ,  3 китобхона, 2 осорхона, 5 клиникаи хусусӣ, 3 таваллудхона, зиёда аз 50 майдончаю толорҳои варзишӣ, 1 меҳмонхона, 2 аквапарк ва маркази дилхушии кӯдакона  ба истифода  супорида мешаванд.

Аз 600 иншооти дар шаҳри Ҳисор бунёдшаванда беш аз 200 адади он дар  ҷамоатҳои деҳоти «Хонақоҳи кӯҳӣ» (115) ва «Алмосӣ» (90), ки аҳолӣ дар онҳо зич ҷойгир шудааст, бунёд мегарданд. Инчунин дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бунёди 9 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои  савдою хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якум ва аквапарк шурӯъ гардидааст.

Тоҷиддин Шамсуддинов зикр намуд, ки дар ҷамоатҳои деҳоти «Мирзо Турсунзода», «Ҳисор», «Навобод», «Ориён», «Сомон», «Деҳқонобод», «Мирзо Ризо», «Дурбат», «Хонақоҳи кӯҳӣ», «Алмосӣ»   ва ҷамоатҳои шаҳраки  «Шарора» ва «Ҳисор»  дар радифи дигар иншоот бо мақсади баланд бароштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва тандурустии аҳолӣ бунгоҳҳои тиббӣ  бунёд мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани  ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  19 декабри соли 2017 ва Амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 майи соли 2018   ба имзо расида буданд. Тибқи он ба ифтихори ин санаи фархунда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат  бунёди иншооти гуногун ҷараён доранд, ки ин пайки фархундае аз раванди бунёкорию созандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

                                            Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 8, 2018 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон