Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар водии Рашт 2000 тонна гандум ва зиёда аз 250 тонна картошка захира намудааст
РАШТ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» корҳои омодагӣ ба зимистонро хуб ба роҳ мондааст.
Корхонаи мазкур барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ноҳияҳои Рашту Сангвор, Тоҷикободу Нуробод ва Лахш 120 тонна шакару равған, биринҷ, макарон, марҷумак, нахӯдпора, ярмаи ҷави босифат захира намуда, ба мардум бо нархи нисбат ба бозор арзон пешниҳод намудааст. Дар ин бора сармуҳосиби корхонаи мазкур Сироҷиддин Мирзоаҳмадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, айни замон дар Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мағозаҳаи он дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 120 тонна орд, ноҳияҳои Рашт 500 тонна орд, Сангвор 80 тонна орд, Тоҷикобод 60 тонна орд ва Лахш 55 тонна орд бо нархи нисбат ба бозор 15-20 сомонӣ арзон пешниҳод намудааст. Инчунин 80 тонна хӯроки чорво низ захира гардидааст.
Ба хотири кам намудани кишти гандум дар минтақа ва зиёд намудани кишти картошка ба аҳолии ин минтақа зиёда аз 35 тонна гандум барои фурӯш пешниҳод шудааст. Айни замон дар корхонаи мазкур барои истеҳсоли орди хушсифат 2000 ҳазор тонна гандум захира намудаанд.
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба хотири танзими нархи картошка дар фасли зимистону баҳор дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 250 тонна картошкаи хушсифат захира намудааст, ки ҳосили имсолаи картошкапарварони ноҳияи Лахшу деҳқонони ин минтақа мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






