Ҳайати расмии Тоҷикистон дар чорабиниҳои ёдбуди Ҷанги якуми ҷаҳон ва таҷлили садсолагии сулҳи соли 1918 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябри соли равон ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар чорабиниҳои ёдбуди Ҷанги якуми ҷаҳон ва таҷлили садсолагии сулҳи соли 1918, ки дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия баргузор гардиданд, иштирок намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни ҷамъомади мазкур як силсила чорабиниҳои идона, аз ҷумла гузашти низомӣ, дақиқаи хомӯшӣ ва дигар суруду оҳангҳои мавзӯӣ, барафрохтани оташи ҷовидонӣ дар назди мақбараи сарбози номаълум барпо гардиданд.
Қабл аз чорабинии бахшида ба ёдбуди фавтидагони Ҷанги якуми ҷаҳон ва таҷлили садсолагии сулҳи соли 1918, 10 ноябри соли 2018 дар Осорхонаи Орсэи шаҳри Париж намоишгоҳи асарҳои рассоми машҳур Пабло Пикассо доир карда шуд.
«Дар ҳошияи иштирок дар намоишгоҳи мазкур дар Осорхонаи Орсэ мулоқотҳои арзи адаби роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо як зумра роҳбарони хайатхои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон доир гардид, ки дар рафти он дуруду саломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Франсия расонида шуд»,- хабар дод манбаъ.
Президенти Франсия барои пазируфтани даъват ва иштироки ҳайати воломақоми Тоҷикистон дар чорабиниҳои дар Париж доиргардида ба ҷониби Тоҷикистон изҳори ташаккур намуд.
Пас аз анҷоми суханрониҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар ҷаласаи пленарии Форум, роҳбари ҳайати Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров китоб таҳти унвони «Меъмори сулҳ»-ро (ба забонҳои англисӣ ва франсузӣ) доир ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии сулҳу субот ва шукуфоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, онро ба китобхонаи «Сулҳ»-и Париж тақдим кард.
Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, дар маросими ифтитоҳи ҷамъомади мазкур ноиби президенти Шӯрои тадорукоти Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Триша Шетти, Президенти Франсия Эммануэл Макрон, Канслери Германия Ангела Меркел ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ рӯзҳои 12 ва 13 ноябр низ идома ёфта, дар он иштирокдорон масъалаҳои марбут ба мудирияти глобалӣ, аз ҷумла амният ва сулҳ, муҳити зист, рушди устувор, технологияҳои нав ва иқтисоди инклюзивиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд






