Ҷавонон-«Пайравони Пешвои миллат» малакаи роҳбарӣ ва муошират меомӯзанд

Ноябрь 22, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябри соли равон дар лагери  «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд давраи омӯзишии «Пайравони Пешвои миллатем» оғоз ёфт. Дар лагери мазкур  таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 50 нафар ҷавонони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои кишвар  ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Аҳтам Абдуллозода бо иштирокчиёни давраи омӯзишӣ мулоқот намуда, иброз дошт, ки «бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил ва зиндагии шоиста дар Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Имрӯз шуморо мебояд дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Роҳбари давлат дониш омӯзед, илмҳои замони муосир, техника ва технологияи навинро аз бар намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафти Ватан саҳмгузор бошед».

Ба иттилои манбаъ, дар лагер бо мақсади  ташаккули тарзи ҳаёти солим ташкили машғулиятҳои варзишӣ ва тренингҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақш ва иштироки наврасону ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ», «Малакаҳои роҳбарӣ ва хусусиятҳои он», «Пешгирии ҷавонон аз ВНМО/БПНМ»,  «Малакаҳои муошират ва ровигӣ», «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои дуруст истифода бурдани онҳо», инчунин баргузории барномаи «Шоми ҷавонӣ» дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки давраи  омӯзишӣ то  24 ноябри соли 2018 идома меёбад.

Ноябрь 22, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд