АЗ ФУРСАТ БАРОИ АВФ ИСТИФОДА БАРЕД! Бо мусоидати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боз як шахси гумроҳ аз кирдори худ пушаймон шуда, ба Ватан баргашт

Ноябрь 27, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи давлатии баргардонидани афроди гумроҳзада бо мусоидати кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як нафар сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, шаҳраки Балх, Одинаев Тошалӣ Авродович, соли таваллудаш 1985, ки қаблан дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва муддати ду сол узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ — террористии «Гурӯҳи 24» (мамнуъ дар Тоҷикистон) буд, ба Ватан баргашт.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбат ба номбурда барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ бо моддаи 307 иловаи 2 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2 ва 187 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

«Одинаев Тошалӣ дар саҳифаҳои интернетӣ ба ҳайси модератор фаъолият намуда, зидди сохти конститутсионӣ паҳн ва нашри ҳар гуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба «Гурӯҳи 24»-ро ҷонибдорӣ мекард»,-омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Дар идомаи иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки «ин шаҳрванд иштибоҳи худро дарк карда, аз узвият дар ин созмони террористиву экстремистӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардидааст, даст кашида, бо ихтиёри худ ба Ватан баргашт. Инак Одинаев Тошалӣ ният дорад дар Ватани соҳибистиқлоли худ машғул ба кор шуда, ба он содиқ монад ва дар назди хешу табор ва пайвандони худ зиндагии ором пеша намояд».

Ёдовар мешавем, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки новобаста аз хавфнокии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ дар сурати ихтиёрӣ ҳозир шудан ва мавҷуд набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят шахси гунаҳгор авф карда шавад. Ҳар нафари ба чунин ҷиноятҳо айбдоршаванда имкон дорад дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ин фурсат истифода барад.

Ноябрь 27, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад