Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои қоғазии навро ба муомилот мебарорад

Ноябрь 5, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии нави намунаи соли 2018-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд,  бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ, таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ва такмил додани унсурҳои ҳимоявии он Бонки мазкур  пулҳои қоғазии навро ба муомилот мебарорад.

Қобили зикр аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонии намунаи соли 2018 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2018 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200, 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ноябрь 5, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст