ЧАКАН БА РӮЙХАТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ ВОРИД КАРДА ШУД! Дар ин бора 29 ноябр қарори ЮНЕСКО ба тасвиб расид

Ноябрь 30, 2018 08:04

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи солонааш дар Маврикий «чакан»- як навъи гулдӯзии тоҷикиро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард. Дар ин бора имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябр дар ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан- як навъи гулдӯзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард. Тоҷикистон 5 сол боз талош дошт, то ЮНЕСКО чаканро ҳамчун мероси башарият бипазирад.

Хотиррасон менамоем, ки ЮНЕСКО ду сол қабл оши палав ва ҷашни Наврӯзро низ ба рӯйхати муътабари мероси ғайримоддии инсоният шомил карда буд.

Дар муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

Соли 2016 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Ӯзбекистон оши палав ва бо пешниҳоди 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ин соли нави мардуми Шарқро низ ба Рӯйхатти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда буд.

То имрӯз Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис шудааст, 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар мегирад.

 

Акс аз сомонаи ЮНЕСКО
Аксбардор Дилшод Раҳимов

Ноябрь 30, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид