Дар 10 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд

Ноябрь 30, 2018 16:08

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳои дахлдори соҳаи марбутаи мамлакат дар мавзӯи  «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба он» муҳокимаи парлумонӣ  баргузор гардид.

Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз рӯи масъалаи мазкур дар назди иштирокчиёни ҷаласа муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабзода иброз дошт, ки «ба нақшагирии ин масъала, пеш аз ҳама, барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 январ ва 22 декабри соли 2016 ва 22 декабри соли 2017, ки дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, равона шудааст».

Бояд гуфт, ки дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардида буд, ки танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.

Зикр шуд, ки амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор  нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар  солҳои 2016-2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 27,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла соли 2016 — 11,5 млн. сомонӣ ва соли 2017 — 15,8 млн. Сомонӣ равона гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дастгирии шахсони бекор ҷиҳати машғул шудан ба соҳибкорӣ қарзҳои хурди имтиёзнок ва маблағҳо ҷудо карда мешаванд, ки айни замон маблағҳои гардишии барои ин мақсад ҷудогардида 14,6 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ барои таъмини иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кумакпулӣ 4,0 млн. сомонӣ, барои ташкили корҳои ҷамъиятӣ 0,4 млн. сомонӣ, сиёсати шуғл 0,6 млн. сомонӣ ва барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон 3,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ҷиҳати пардохти идрорпулӣ 1,1 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки ин дар маҷмӯъ 8,2 млн. сомонӣ ё ин ки 70 фоизи нақшаи нуҳмоҳаро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки маблағҳои бо ин мақсадҳо равонагардида, пеш аз ҳама, барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва касбомӯзии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Кучакшозода сухан гуфтанд.

Ноябрь 30, 2018 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд