Дар Чин ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм идома дорад
ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 ноябр дар шаҳри Дунфани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҷараён дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва 5 нафар ҷавонони фаъоли кишвар намояндагӣ менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм котиби генералии СҲШ Рашид Олимов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Қирғизистон Ж. Кожобекова, котиби Кумитаи ҳизби шаҳрии Дунфани Ҷумҳурии Мардумии Чин Те Ган, раиси Шӯрои ҷавонони СҲШ Т. Дайирбеков, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон С. Акбаров, мушовири Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Д. Лукянтсев, намояндаи Лигаи ҷавонони назди котиботи СҲШ В. Ху ва намояндагони ҳайати миллӣ аз давлатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон доир ба хатарҳои вабои аср- терроризм ва экстремизм сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм то 12 ноябри соли 2018 идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






