Дар деҳаи баландкӯҳи Чухкаки ноҳияи Дарвоз бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 7, 2018 09:28

ХОРУҒ, 07.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи баландкӯҳ ва дурдасти Чухкаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз аз кушода шудани  бунгоҳи тиббии замонавӣ хеле хушҳол гардиданд. Зеро онҳо то ин дам барои кумаки аввалини тиббӣ ба деҳаи ҳамсоя раҳсипор мешуданд.

Бояд гуфт, ки ҷамоати Сағирдашт яке аз минтақаҳои сербарф мебошад. Дар фасли зимистон ғафсии барфи инҷо то як метр расида, танҳо дар моҳи май об мешавад. Аз ин рӯ дар лаҳзаҳои зарурӣ барои аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтан вақти зиёд масраф мешавад.

Раиси ноҳияи мазкур Саидбурҳон Абдураҳмонзода  дар маросими ифтитоҳи  бунгоҳи тиббӣ аз иқлими сербориш ва сарди ҷамоати Сағирдашт ёдовар шуда, бинои навбунёди бунгоҳи тиббиро барои сокинони ин деҳа ҳаётан муҳим хонд. Ба гуфтаи раиси ноҳия,  бунгоҳи мазкур бо дастгирии Барномаи рушди манотиқи кӯҳистони бунёди Оғохон сохта шуд. Барои корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардонидани он  зиёда аз 430 сомонӣ сарф гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин бунгоҳи тиббӣ чаҳор воҳиди корӣ ҷудо намуд. Чаҳор нафар аз духтарони маҳаллӣ, ки омӯзишгоҳи тиббиро хатм кардаанд, дар ин бунгоҳ соҳиби ҷои кор шуданд.

Ин  13-умин бунгоҳи нави тиббӣ дар ноҳия мебошад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дари худро ба рӯи ниёзмандон боз мекунад.

Ноябрь 7, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд