Дар Душанбе Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай «Таҳсилот бидуни марз» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 24 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай «Таҳсилот бидуни марз» баргузор мегардад.
Тавре мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомиддин Маҳмадиев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар кори ҳафтаи таҳсилот намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои аъзои Донишгоҳи СҲШ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Чин, Ӯзбекистон, Покистону Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.
Бино ба иттилои манбаъ, дар кори Ҳафтаи таҳсилоти СҲШ намояндагони 24 донишгоҳи хориҷӣ ва 10 донишгоҳи ватанӣ иштирок менамоянд.
Инчунин дар доираи ҳафтаи мазкур баргузории ҳамоишҳо аз рӯи равияҳои «Минтақашиносӣ», «Экология», «Энергетика», «IT-технологияҳо», «Нанотехнологияҳо», «Педагогика» ва «Иқтисодиёт» дар назар аст.
Дар нишасти коршиносон ҷараёни татбиқ ва самтҳои тавсеаи барномаҳои таълимии магистрии муштарак таҳлил гардида, пешниҳодҳо ҷиҳати татбиқи баъдинаи Созишнома доир ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ таҳия хоҳанд шуд. Ҳамчунин зимни ҳамоиш нақшаи чорабиниҳои асосии Донишгоҳи СҲШ барои солҳои 2019-2020 тасдиқ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






