Дар Душанбе ҷаласаи 75 -уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Ноябрь 27, 2018 13:35

ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  75 -уми Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ  баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар ҷаласаи мазкур намояндагони салоҳиятдори мақомоти марбут ба соҳаи оби давлатҳои  ҳавзаи Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода ифтитоҳ намуда, гуфт: «Имрӯз дар ҷаласа масъалаи  истифодаи меъёрҳои тасдиқгардидаи обгирӣ аз ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму дар мавсими обёрии  соли 2018 ва силсилаобанборҳо дар ин давра баррасӣ мегарданд».

Зикр шуд, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои тасдиқи меъёри обгирӣ аз ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму дар давраи байнинашъунамои солҳои 2018-2019, иштироки аъзо ва сохтори иҷроияи Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби Осиёи Марказӣ дар омодасозии Барномаи амал барои кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал ва дигар мавзуъҳои марбут ба онро баррасӣ мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби Осиёи Марказӣ соли 1992 аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои  Осиёи Марказӣ бо мақсади  тақвияти ҳамкорӣ дар самти истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Сир ва Аму созмон дода шудааст.

Дар як сол дар мамлакатҳои гуногуни Осиёи Марказӣ чор маротиба ҷаласаҳои ин Комиссия гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 28 ноябр аз ҷониби аъзои Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби Осиёи Марказӣ протоколи ҷаласа ба имзо мерасад.

Ноябрь 27, 2018 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд