Дар Душанбе Анҷумани VII Палатаи савдо ва саноат баргузор гардида, Ҷамшед Ҷумъахонзода дар вазифаи раиси Палата Шариф Саидро иваз намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани VII Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори анҷуман муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, роҳбарон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, соҳибкорон, инчунин шарикони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар Анҷуман раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Палата дар давраи солҳои 2014-2018 ва вазифаҳои минбаъда ҳисобот дод.
Шариф Саид зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар доираи мақсад ва вазифаҳое, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», оинномаи Палата ва дигар қарору супоришҳои мақомоти роҳбарикунандаи он бармеоянд, ба роҳ монда шуд. Фаъолияти ҷории Палата дар вобастагӣ бо вазъу шароити иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ бо дарназардошти иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, таъмин гардонида шуд.
Инчунин иброз гардид, ки дар айни замон Палата аъзои 12 ташкилоти байналхалқӣ, аз ҷумла аъзои палатаҳои ҷаҳонӣ, исломӣ, аврупоӣ, давлатҳои минтақаи уқёнуси Ором, давлатҳои аъзои ЭКО, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бюрои намоишгоҳҳои байналхалқӣ, Иттифоқи байналхалқии саноатчиён ва соҳибкорон, Шӯрои байнидавлатии фаъолияти намоишгоҳии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои ИДМ, Палатаи байналхалқии савдои «Роҳи бузурги абрешим» ва Алянси иқтисодии «Роҳи Абрешим» буда, роҳбарияти он мунтазам ба ҳамоишҳои байнидавлатӣ сафарбар карда мешаванд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 233 субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорон ба узвияти Палата қабул карда шуданд. Дар панҷ соли сипаригашта бо роҳбарон ва намояндагони палатаҳо, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ширкату корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва доираҳои оҳибкории кишварҳои хориҷӣ 1410 вохӯриҳои корӣ гузаронида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар кори Анҷуман Лоиҳаи фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ гардид.
Дар фарҷоми Анҷуман аз ҷониби аъзои он раиси нави Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамин тариқ, Ҷамшед Ҷумъахонзода, ки то имрӯз ба ҳайси Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Бояд гуфт, ки Ҷамшед Ҷумъахонзода дар ин вазифа Шариф Саидро иваз намуд.








Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад






