Дар Душанбе фаъолияти солонаи Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) натиҷагирӣ карда шуд

Ноябрь 28, 2018 14:07

ДУШАНБЕ, 28.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми минтақавии гурӯҳи ҳамоҳангсози Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА, марҳалаи 9) баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони ҳамоиш иттилоъ дод.

Дар ҷаласаи мазкур, ки ҳамасола гузаронида мешавад, намояндагони кумитаи сарҳадбонон, хадамоти гумрукӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, Консорсиуми БОМКА, Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар якҷоягӣ натиҷаҳои бадастовардаи Барномаро баҳогузорӣ намуда, муваффақият ва мушкилиҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷиҳати идома додани Барномаи БОМКА то охири соли 2019, ба эътибор гирифтани афзалиятҳои минтақавӣ ва манфиатҳои миллӣ дар самти идоракунии сарҳадот фикру мулоҳизаҳо шунида шуда, нақшаи фаъолият қабул карда шуд.

Шурӯъ аз соли 2003, Барномаи БОМКА (мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ) яке аз  муҳимтарин иқдоми ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идораи сарҳадот ва ҳамкории байнисарҳадӣ дониста мешавад. Марҳалаи 9-и Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) дар заминаи натиҷаҳо ва муваффақиятҳои марҳалаҳои қаблӣ таҳия шуда, ҳадафи он барои рушди институтсионалӣ, идоракунии гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон ва мусоидат ба савдои байнисарҳадӣ нигаронида шудааст.

Аз соли 2015 наздик ба 2600 масъулони мақомоти давлатӣ аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ барои иштирок дар 181 ҳамоиши гуногун: семинарҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ, тренингҳо ва сафарҳои омӯзишӣ ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо сафарбар шуданд. То ба анҷом расидани лоиҳаи мазкур, дар доираи Барномаи БОМКА (марҳалаи 9) боз гузаронидани 24 барномаи дигар ба нақша гирифта шудааст.

Давоми солҳои 2003-2019 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи Барномаи БОМКА дар ҳаҷми 40,1 миллион евро маблағ ҷудо кардааст, ки аз ин маблағ 6,6 миллион евро ба татбиқи марҳалаи 9-и Барнома (солҳои 2015-2019) рост меояд.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли 2015  Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба Ҷумҳурии Франсия ва Шоҳигарии Белгия бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини, Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск ва Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер мулоқот намуда, масъалаи рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда буданд.

«Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкории бисёрҷабҳа бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва робитаҳои устувори дӯстонаро бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад», — тазаккур дод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои фарогири доираи васеи робитаҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти механизмҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла зарурати тавсеаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо барои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва назорат аз болои маводи мухаддирро (КАДАП) воситаи хуби таҳкими муносиботи ҳамкорӣ арзёбӣ карда буданд.

Ноябрь 28, 2018 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд