Дар Душанбе Конгресси миллии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, ки ҳамасола 3 декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, Конгресси миллии шахсони маъюби Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиши мазкур тӯли се рӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Маркази исмоилия баргузор гардида, дар кори он аз тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя шахсони маъюб ҷамъ омада, дастовардҳои намоёни худро муаррифӣ мекунанд. Ҳамчунин дар кори конгресс як зумра масъалаҳои вобаста ба шахсони маъюб баррасӣ мегарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, инчунин дар чаҳорчӯби Конгресс байни духтарони маъюб аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ озмуни «Бонуи мустақил – 2018» гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷимоии занон дар ҷомеа ва пешгирии хушунат нисбат ба онҳо доир мегардад.
Зикр карда шуд, ки дар доираи Конгресс бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоишгоҳи ҳунарҳои дастии миллие, ки аз тарафи шахсони маъюб тайёр шудаанд, гузаронида мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






