Дар Душанбе Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ба фаъолият шурӯъ намуд

Ноябрь 22, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд,    яке аз самтҳои фаъолияти ин Марказ   фарогирии машваратҳои равонию ҳукуқии ройгон барои занони осебпазир аз зӯроварӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар ҷомеа мебошад.

Марказ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории шарикӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи авруосиёии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон» фаъолият намуда, ба самти боло бурдани сатҳи иттилоотонии занон ва устувории оила оид ба масълаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила нигаронида шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар марказ равоншинос ва ҳуқуқшинос фаъолият намуда, тавассути телефони боварии  1313  ҳамарӯза аз соати 08:00 то 17:00 ва рӯзҳои шанбе аз соати 08:00 то 12:00 ба саволҳои муроҷиаткунандагон посух мегӯянд.

Маркази мазкур дар доираи лоиҳаи «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» аз тарафи Хазинаи авруосиёии Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар беҳтар намудани хизматрасонии ҳуқуқию равонӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии занон мусоидат менамояд.

Ноябрь 22, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид