Дар Душанбе масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуданд.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова зимни ифтитоҳи ҷамъомад гуфт: «Дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чор ҳадаф муайян шудааст. Яке аз ин ҳадафҳо таъмин намудани рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ то 7-8 % мебошад. Барои ба ин нишондиҳанда расидан масъулияти хеле баланд лозим аст, чунки иқтисоди ҷаҳон танҳо 2 % зиёд шуда истодааст. Аз ин хотир, барои расидан ба ин ҳудаф ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши соҳибкорон ва сармоягузорон хеле муҳим мебошад. Ҳамаи заҳмат ва кӯшишҳои зикршуда ба хотири таъмин намудани сатҳи баландтари зиндагонӣ мебошад».
Гуфта шуд, ки мақсади ҷамъомади мазкур аз муҳокимаи стратегияву барномаҳои қабулшуда дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 октябри соли равон зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» зикр намуданд: «Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд».
Зикр шуд, ки бо мақсади мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда 30 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.
Иштирокдорони ҷамъомад инчунин атрофи мавзӯъҳои «Ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мониторинги барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ва «Саҳми «Амонатбонк» дар ташаккули фазои сармоягузорӣ» сухан гуфта, атрофи ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






