Дар Душанбе машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати вакилони иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Украина иштирок намуданд.
Раиси иттифоқи касабаи роҳи оҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов иброз дошт, ки ба ҷаласа ташкилоти иттифоқи касабаи кормандони ҶС «Роҳи оҳани Қафқоз» даъват шуда, аризаи онҳо барои ҳамроҳшавӣ ба Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён баррасӣ карда мешавад.
Ба иттилои раиси Шӯрои ҷавонони роҳи оҳани Тоҷикистон Насимҷон Қосимов, баргузории машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён дар шароити имрӯза бисёр муҳим аст. Зеро ин гуна чорабиниҳо сабаби мустаҳкамтар гардидани ҳамкорӣ ва муносибатҳои мутақобила миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Шӯро мешаванд. Инчунин ба ин восита Роҳи оҳани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ беҳтар муаррифӣ мешавад. Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мавриди назарро муҳокима намуда, барои густариши ҳамкорӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон тариқи қатора таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён ду рӯз идома ёфта, 22 ноябр ҳайати вакилони иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён аз ҷойҳои таърихиву сайёҳии ҷумҳурӣ дидан мекунанд.










Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






