Дар Душанбе масоили ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки ташрифи шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд барои густариш додани ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии ду мамлакат заминаи қавие хоҳад гузошт.
Дар мулоқот Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зикр намуд, ки «тавре зимни мулоқоти имрӯза Сарвари давлат иброз доштанд, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо пешгирии қонуншиканӣ, ошкор намудани ҷинояткорӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорон мебошад»,-илова намуд Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз пазироӣ ва мулоқот бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуда, афзуд, ки баҳри решакан намудани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро, ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ мубориза хоҳем бурд.
«Қавӣ гардонидани робитаҳои ҳамкорӣ, мубодилаи таҷрибаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ ва пешбурди дигар самтҳои фаъолияти ин ду сохтор муҳим буда, мо омода ҳастем дар доираи созишномаву санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар робитаҳои худро тақвият диҳем»,-илова намуд шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд.










Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






