Дар Душанбе оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар замони муосир конференсияи илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ: ҳолат ва дурнамо»- таҳти ин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии байналмилалӣ баргузор шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори конференсия зиёда аз 80 нафар олимон, муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар кори конференсия аз давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла 7 нафар намояндагони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, 1 нафар намояндаи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 нафар намояндаи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуда, вобаста ба таҷрибаи кишвари худ дар самти хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтанд.
Дар доираи конференсия аз тарафи мутахассисони хориҷи кишвар дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд, ки барои табодули таҷриба ва баланд бардоштани маҳорати кордонӣ ва корбарии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






