Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғоратгар «Мишел» ҳангоми фирор ба Россия боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Азратқулов Мунъим Соҳибқулович, бо тахаллуси «Мишел», соли таваллудаш 1978, зода ва сокини деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ҳангоми фирор намудан ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шаҳрванд М.С. Азратқулов бо маслиҳати пешакӣ бо шарикаш шаҳрванд А.Ф. Гадомадов, зодаи шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хичордев, сокини кӯчаи Клагенфурт, хонаи 3/2 ҳуҷраи 51 шаҳри Душанбе бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» ба шаҳрванд Х.Қ. Давлатов таҳдид намуда, аз ӯ 9 ҳазору 300 доллари ИМА ва 10 000 сомонироӣ, ки бо пули миллӣ 92 000 сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда, ба ӯ зарари махсусан калон расонидаанд.
Ба иттилои манбаъ, М.С. Азратқулов қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҷониби суди ноҳияи Никулинскийи шаҳри Москва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуда, дар муассисаи ислоҳии № 5 шаҳри Владимири вилояти Владимир ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудааст.
Номбурда айни ҳол ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






