Дар Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Душанбе ҳамоиши пуршукӯҳ баргузор гардид

Ноябрь 7, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз   дар Муассисаи  давлатии Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Файзи истиқлол» бахшида ба Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши пуршукӯҳ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ҷамъомад  намояндагон аз  Раёсати  фарҳанги шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои мусиқӣ, санъат, рассомӣ, инчунин  падару модарон ва  шогирдони ин мактаб иштирок намуданд.

Директори Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Душанбе Ғиёсиддин Қараев зимни суҳбат зикр намуд, ки  мақсади гузаронидани ҳамоиши имрӯза, пеш аз ҳама, шинос намудани ҷавонон бо фаъолияти мактаби рассомӣ мебошад.  Мактаби мазкур моҳи май бо   қарори  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба ҳавлии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода кӯчонида шуд. Айни ҳол   дар муассиса зиёда аз 60 нафар шогирдон  ба дарси рассомӣ фаро гирифта шудаанд.

«Мактаби рассомӣ  тӯли чанд сол аст,  ки фаъолият мекунад ва шогирдони зиёдеро омӯзонидааст. Дар ин дабистон    мо  хоҳишмандонро ба  олами санъати тасвирӣ ворид менамоем.  Дар  оянда мо мақсад дорем, ки на танҳо расмкашӣ, балки  кулолгарӣ, ҳайкалтарошӣ, гаҷкорӣ, инчунин барои духтарон тарҳу дизайни либосҳои миллӣ ва ороиши бадеии онро ба роҳ монем,»- зикр намуд Ғ. Қараев.

Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо изҳор намуд, ки ба ин мактаб кӯдакони аз 6 то 16-сола қабул карда мешаванд. Онҳо   дар ин ҷо    5 сол  хонда,   соҳиби шаҳодатнома мегарданд ва   баъди он метавонанд ба Коллеҷи рассомӣ  ё Донишкадаи давлатии дизайни Тоҷикистон дохил шаванд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳамоиши имрӯза намоиши расмҳо ва   барномаи фарҳангии  хонандагони ин муассиса  манзур гардиданд.

Ноябрь 7, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд