Дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Пешвои миллат-ифтихори модарон» ҳамоиш баргузор гардид
РАШТ, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки занони фаъоли ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таҳти унвони «Пешвои миллат- ифтихори модарон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи кор бо занони ноҳияи Рашт Маҳваш Шарифбекова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 1000 нафар модарон иштирок намуда, аз кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт Нисо Азизова гуфт, ки «модарони Раштонзамин аз рӯзи аввал сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша хизматҳои он касро қадрдонӣ менамоянд. Мо, модарони Рашт аз он шодем, ки чунин Сарвари шуҷоатманду далер дорем. Имрӯз бо шарофати кордонии Президенти мамлакатамон орзуи муқаддаси миллати тоҷик ҷомаи амал мепӯшад ва агрегати аввалини НБО «Роғун» мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад».
Ҳамчунин тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Рашт Камол Бекзода, 18 ноябри соли равон дар ноҳияи Рашт бахшида ба ин санаҳои таърихӣ байни дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳияҳои минтақа ва берун аз он мусобиқаи бузкашӣ баргузор мегардад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






