Дар ноҳияи Тоҷикобод барои 120 нафар кӯдакистони «Парасту» ба истифода дода шуд

Ноябрь 19, 2018 16:45

ТОҶИКОБОД, 19.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо як ҳамоиши бузург бо бардоштани шиору овезаҳо ва аксҳои таърихии Пешвои миллат ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози кишвар — Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Дар ин рӯз бо иштироки раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири кишоварзӣ Нусратулло Мусоев ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу ташкилоту муассисаҳои ноҳия бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Зикр шуд, ки ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» рӯйдоди таърихӣ ва  рамзӣ мебошад. Зеро бунёди ин иншооти бузург  ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон алоқамандии зиёд дорад.

 Ҳамчунин ба ифтихори бакорандозии агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» дар ноҳияи Тоҷикобод кӯдакистони «Парасту» барои 120 нафар кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 6 ҳуҷраи хоб, маҷлисгоҳ, ошхона ва иншооти ёрирасон  мебошад. Он ба маблағи 5 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ноябрь 19, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад