Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, роҳбарони ноҳия ва намояндагони мақомоти дахлдор иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки дар корхонаи мазкур зиёда аз ҳафт намуди гиёҳҳои дорувории ватанӣ коркард ва бастубанд гардида, ба аҳолӣ пешкаш карда мешаванд.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ёрирасони «Канаск» Бобишо Азиззода иброз дошт, ки «бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари корӣ ба мавзеи «Канаск» моҳи августи соли 2017 дода буданд, имрўз дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ корхонаи коркарди бандубасти гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд. Дар он 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд».








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






