Дар Пекин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон мусобиқаи футбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябри соли 2018 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни тоҷикистонии шаҳри Пекини ин давлат мусобиқа оид ба футбол баргузор карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода Парчами давлатиро рамзи давлатдорию ватанпарастӣ ва мояи ифтихори ҳар як фарди бонангу номуси кишвар маънидод карда, ҳозиринро бо ин санаи ҷашнӣ табрик намуд. Сипас корманди Сафорат ба ҳозирин матни Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ манзур намуд.
Сипас бо иштироки чор дастаи донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои шаҳри Пекин 8 бозӣ дар фазои дӯстию ҷашнӣ гузаронида шуданд.
Дар фарҷом Сафир Парвиз Давлатзода чорабиниро ҷамъбаст намуд. Дастаҳои ғолиб, фаъолони мусобиқа ва довар бо акси арҷгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷом, ҷоизаҳо ва медалҳо, аз ҷумла барои ҷойи якум, ҷойи дуюм, «Дарвозабони беҳтарин», «Бозингари беҳтарин», «Нишонзани беҳтарин» қадрдонӣ гардиданд.
Ба ҳар як иштирокчии мусобиқа нишони сарисинагии «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим карда шуд. Барои иштирок кунандагони мусобиқа хӯрокҳои миллӣ пешниҳод гардиданд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






