Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳафтаи таҷлили Парчами миллӣ ҷараён дорад
ХУҶАНД, 22.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи таҷлили он эълон гардида, дар ин самт корҳои муайян ҷараён доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар қаламрави 18 шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин сана барномаҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ доир гардида истодаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳафтаи гузашта байни тарбиятгирандагони 38 муассисаи томактабии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва расмкашӣ озмуни шаҳрии «Парчами мо-парчами иқболи мо» гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар доираи ҳафтаи таҷлили Рӯзи Парчам дар ҳамаи муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, хосса мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои санъат ва касбию техникӣ бо мақсади эҳтирому қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ барномаҳои мухталиф, аз ҷумла вохӯрию суҳбат ва конфронсҳои илмию назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ», Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ – эҳтироми миллат аст», инчунин миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдории мост» гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон дар варзишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназия ва донишҷӯёни коллеҷҳову мактабҳои олӣ мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ дар назар дошта шудаанд.
Барои насб кардани парчам ва шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурӣ ва баргузор намудани намоишҳои идона дар маркази вилоят бо иштироки фаъолон, сокинону меҳмонон ва неруи созандаи кишвар- ҷавонон корҳои амалӣ ба анҷом расида истодаанд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






