Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши ҷавонон доир мегардад

Ноябрь 9, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 ноябри соли равон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат- бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои идорӣ» силсилаконфронсҳои илмӣ – амалӣ доир мегарданд. Дар конфронсҳо иштироки олимони ҷавон, коршиносони соҳа ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 то 16 ноябри соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ, муассисаҳои варзишӣ суҳбату мулоқотҳои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба хизматҳои шоён ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Бахшида ба ин сана  дар марказҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат- рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» бо иштироки фаъолону сокинон ҳамоишҳо доир карда мешаванд.

Ҳамчунин  то 16 ноябр баргузории суҳбатҳои «мизи мудаввар», аксияҳои  тарғиботӣ-ташвиқотӣ, мулоқот, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони маъруф, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонони мамлакат  дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб 16  ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

 

 

Ноябрь 9, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд