Дар Тоҷикобод таҳти унвони «Конститутсия- қонуни сарнавиштсози миллат» конференсияи илмию назариявӣ доир гардид
ТОҶИКОБОД, 03.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия- қонуни сарнавиштсози миллат» — таҳти чунин унвон дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 24-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аҳли илму адаб ва хизматчиёни давлатӣ Конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конференсия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва омӯзгорону аҳли зиёи ноҳия дар мувзӯъҳои «Конститутсия-кафили рушди сайёҳӣ», «Конститутсия- шаҳодатномаи соҳибистиқлолии миллат», «Конститутсия- санади муқаддасу тақдирсози миллати тоҷик» маърӯза намуданд.
Прокурори ноҳияи Тоҷикобод Муҳаммадсаид Насимзода гуфт, ки «давоми солҳои соҳибистиқлолӣ давлати ҷавони мо ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар пешрафти босуръати соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба муваффақиятҳои калон ноил гардида, дар ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор ва боварибахш гузошт. Конститутсияи мо манфиатҳои олии миллат, анъанаҳои пурғановати таърихию фарҳангии халқамонро таҷассум намуда, дастовардҳо ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намуд. Маҳз ҳамин арзишҳои бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки халқи тоҷик баъди ҳазор сол давлати мустақилу соҳибихтиёр барпо намуда, ба субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт».
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳия, пойдории волоияти қонун ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои деҳот бахшида ба ин санаи тақдирсоз бо иштироки аҳли адабу фарҳанг вохӯриҳо доир гардида истодаанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






