Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябри 2018 дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женева мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли он Созмон Тедрос Адханом Гебрейесус доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимин мулоқот мусоҳиб аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи тандурустӣ огоҳ гардид. Ҳамзамон ба Мудири кулл пешниҳодҳои мушаххас роҷеъ ба ҳамкории оянда, аз ҷумла аҳамияти ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи реформаи хизматрасонии тиббӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ, коҳиши фавти модару тифлон ва монанди онҳо пешниҳод гардиданд.
Ба Созмон пешниҳод шуд, то дар иқдомҳои Тоҷикистон марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 саҳм гирад.
Бо чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Афғонистон пешниҳод шуд, ки Созмон аз имкониятҳои низоми тиббии кишвари мо васеъ истифода барад. Бо дарназардошти ягонагии забон ва мавҷудияти кадрҳои баландихтисос дар Тоҷикистон ба Созмон пешниҳод гашт, то лоиҳаҳои сеҷонибаро таҳия ва роҳандозӣ кунад.
Дар навбати худ Мудири кулл аз рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Пешниҳодҳои Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасии он Созмон қарор хоҳанд гирифт. Ба имкониятҳои кишвари мо барои рушди соҳаи тандурустӣ дар Афғонистон алоҳида тамаркуз карда шуд.
Дар охири суҳбат ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои тадбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳад дод.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






