Дар Женева мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венгрия баргузор гардид

Ноябрь 29, 2018 08:36

ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Женева ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон 28 ноябр бо  Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷоратии берунаи Венгрия Петер Сийярто бо хоҳиши он ҷониб мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати таҳия ва коркарди лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва пешниҳоди онҳо ба ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ҷиҳати баррасӣ ба тавофуқ расиданд.

Ҳамзамон ҳамкории ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ матраҳ гардида, дар фарҷоми вохӯрӣ вазирон ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид намуданд.

Ноябрь 29, 2018 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд