Генерал-майор Саид Ҷӯрахонзода: «Қабули барномаву стратегияи давлатӣ ба рушди минбаъдаи мақомоти корҳои дохилӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт»
ДУШАНБЕ, 10.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия таҷлил карда мешавад. Маҳз 101 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли 1917 милитсияи тоҷик таъсис ёфта, ҳоло фаъолтарин сохтори қудратии давлат маҳсуб мешавад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ин соҳа таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронида, барои беҳтар шудани фаъолияти кормандонаш аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
«Агар ба таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик назар андозем, мебинем, ки он солҳои охир тағйироти куллиро аз сар гузаронид ва ин раванд то ҳол идома дорад. Махсусан солҳои аввали таъсис милитсияи тоҷик аз норасоии ҳайати кадрӣ танқисӣ мекашид. Чун ин ҳайат асоси фаолияти милитсияро ташкил медиҳад, дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Академия ва Гимназия таъсис дода шуд, то ин норасоӣ бартараф карда шавад». Ин нуктаро собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майор Саид Ҷӯрахонзода, ки ҳоло раисии Шӯрои собиқадорони ин вазоратро ба уҳда дорад, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт.
Саид Ҷӯрахонзода гуфт: «19 марти соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013–2020 ва баъди як соли он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 тасдиқ шуданд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд».
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, баъди ба тасвиб расидани фармон ва қарори мазкур дар соҳа ва дар самти фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. «Оид ба татбиқи ин барномаву стратегия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Бояд гуфт, ки дар ин самт шаҳрвандон низ бетараф нестанд ва бо пешниҳодоти созандаи худ дар татбиқи ин ҳадафҳо саҳми худро мегузоранд»,- илова намуд генерал –майор Саид Ҷӯрахонзода.
Ба саволи он ки ҳамкории мақомоти милитсия бо халқ чӣ гуна бояд бошад?, ҳамсуҳбати мо гуфт: «Милитсия ҳамеша ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткориро рисолати аслии худ шинохта, дар ин роҳи пуршараф корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Ин аст, ки ҷомеаи мо ба нақши милитсия дар таҳкиму пойдории сулҳу суботи кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баҳои баланд дода, ба заҳмати кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва оромии сокинон эҳтиром мегузорад».
Тавре Сарвари давлат дар суханронии худ дар ҷашни таъсиси милитсия дар муроҷиат ба кормандони ин ниҳод гуфтанд: «Милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизи боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад».
Зимнан, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва тасдиқи санадҳои зерқонунӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои мақомоти милитсия заминаи қонунӣ фароҳам оварда шуд, ки ин самти фаъолияти худро бо дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон амалӣ намоянд. Илова бар ин, ташаббусҳои тозаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар заминаи он қабул гардидани Фармони Президенти мамлакат аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба такмили заминаҳои ташкиливу инфрасохтории соҳа мусоидат намуд.
Дар робита ба ин ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки милитсия бе халқ ва халқ бе милитсия вуҷуд надоранд. «Аз ин хотир кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ҳамеша бояд робитаи худро бо ҷомеа хуб ба роҳ монда, ба эътимоди халқ содиқ бимонанд», — гуфт Саид Ҷӯрахонзода.
Омӯхтан ва маслиҳат гирифтан аз собиқадорону калонсолон ба баланд гардидани донишу малакаи касбӣ мусоидат мекунад. Ба ин хотир дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои собиқадорон таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 14 ҳазор нафар аъзо дорад. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 88 шуъбаи намояндагии ин Шӯро амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо бо милитсия ҳамкории зич доранд.
«Шӯрои собиқадорон асосан барои тарбияи насли наврас, кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо дар пешбурди фаъолияти пурмаҳсули соҳавӣ фаъолият мекунад. Аъзои Шӯро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва командони ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо тавсияҳои судманд медиҳанд. Ин раванд барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати кор дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кормандони ҷавони ин ниҳод кумак мекунад»,- хулоса намуд раиси Шӯрои мазкур Саид Ҷӯрахонзода.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»








Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






