Хонандагони деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон баъди таътили тирамоҳӣ таҳсилро дар бинои нав идома медиҳанд
ХОРУҒ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти асосии рақами 53 деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон бори сеюм аст, ки макони таҳсили худро иваз мекунанд.
Ба гуфтаи директори ин муассисаи таълимӣ Баргигул Давроншоева, «бинои кӯҳнаи мактаб аввали солҳои шастуми асри гузашта ба тарзи ҳашар сохта шуда буд. Вале он ба боронгариҳои пай дар пай, ки хоси минтақаи мост, тоб наоварда, аввали солҳои 2000 дару девораш хароб ва бомаш фурӯ рафт. Дар муддати даҳ сол хонандагон дар хонаи хусусӣ таҳсил мекарданд. Соли 2016 Сафорати Амрико дар асоси шартнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони бинои нави таълимӣ шурӯъ кард. Акнун баъди ба поён расидани таътили тирамоҳӣ хонандагон таҳсили худро дар бинои нави замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми муосири таълимӣ оғоз хоҳанд кард».
Сарвари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Стар групп» Носир Муҳиддинов гуфт, ки «Сафорати Амрико барои бунёди ин таълимгоҳ зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷудо намуд ва бинокорон давоми ду сол сохтмони онро ба анҷом расониданд. Мо метавонистем дар муддати кӯтоҳтар бинои мазкурро бунёд кунем, аммо дар ҳақиқат зимистони ин мавзеъ хеле тӯлонӣ ва сард аст. Баъзан сардии ҳаво то ба 30 дараҷа хунукӣ мерасад. Агар дар фасли зимистон ҳам корро идома медодем, шояд ҳавои сард ба сифати корҳо таъсири манфӣ мерасонд. Бинои таълимгоҳ аз 10 синфхона ва утоқи омӯзгорон иборат мебошад».
Ба иттилои мавсуф, ҳангоми бунёди бино ба тобоварии он ба зилзила, нигоҳ доштани гармӣ дар синфхонаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар вақти бунёди девору васл кардани дару тиреза аз маводи гарминигоҳдоранда истифода карда шуд.
Бояд гуфт, ки таълимгоҳи мазкур дорои маркази мустақили гармидиҳӣ мебошад, ки ҳам ба воситаи неруи барқ ва ҳам ба воситаи маводи сӯзишворӣ кор мекунад.













Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






