ХРОНИКАИ НБО «РОҒУН»: Пешвои миллат – эҳёгари сохтмони бузурги аср

Ноябрь 10, 2018 12:37

ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз чанд рӯз, аниқтараш  16 ноябри соли 2018 ҷаҳониён шоҳиди ҳодисаи таърихии барои тоҷикон муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати аввалини НБО-и «Роғун» хоҳанд шуд. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО хроникаи бунёди ин иншооти азими гидроэнергетикиро омода намудааст, ки манзури хонандагон мегардад.

Соли 1930–нақшакашии бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ.

Соли 1960 – шурӯи корҳои омӯзишӣ.

 

Соли  1974 – Лоиҳаи техникии НБО-и «Роғун», ки аз ҷониби шуъбаи осиёимиёнагии Институти «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд омода шуда буд, аз тарафи Госстройи СССР тасдиқ карда шуд.

Соли 1976 – шурӯи корҳои омодагӣ ба оғози сохтмони НБО-и «Роғун».

Сентябри соли 1976 – оғози бунёди НБО-и «Роғун».

Соли  1987 – Оғози бунёди дарғоти ин неругоҳ.

27 декабри соли 1987 – маҷрои дарёи Вахш баста шуд.

Соли 1990 – интиқоли ду гидротурбин ба макони сохтмон.

Соли  1993 – сохтмони сарбанди неругоҳ ба 40 метр расонида шуда, қариб  21 километр нақб канда шуд.

8 майи соли 1993 – сарбанди бунёдёфта дар натиҷаи обхезии шадид хароб шуд ва қисме аз нақбҳои кандашуда зери об монданд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони НБО-и «Роғун» барои муҳлати номуайян боздошта шуд.

Соли  2004 – байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Русал» ҷиҳати анҷоми сохтмони НБО-и «Роғун» шартнома имзо карда шуд.

26 сентябри соли 2005 — оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун»

Сентябри соли 2007 – бинобар ҳосил нашудани мувофиқа дар масъалаи баландии сарбанди НБО-и «Роғун» шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Русал» бекор карда шуд.

30 майи соли 2008 – Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун, боздид аз иншооти сохташаванда ва мулоқоташон бо коргарони НБО-и «Роғун».

28 октябри соли 2009 – Сафари навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии Роғун.

Соли  2010 – бунёди НБО-и «Роғун» аз нав шурӯъ гардид.

Соли  2010 – байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳаи НБО-и «Роғун» шартнома ба имзо расид.

Декабри соли 2010 – анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар нақби аввали иншооти сохташаванда.

Феврали соли 2011 – Пудратчии баргузории ташхис ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd» интихоб гардид.

10 июли соли 2012 — Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Роғун ва боздид аз НБО-и «Роғун».

15 июли соли 2015 – Сафари навбатии Пешвои миллат ба шаҳри Роғун, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозии НБО-и «Роғун» ва ифтитоҳи Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ.

04 августи соли 2016 – Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар неругоҳ.

05 августи соли 2016 – Боздиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва мулоқот бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ.

29 октябри соли 2016 – тағйири маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

10 майи соли 2017 — Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», мулоқот бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии неругоҳ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ.

26 июли соли 2018 — Сафари кории навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», боздид аз толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳои НБО-и «Роғун», шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2-и неругоҳ.

16 ноябри соли 2018 – санаи таърихӣ- ба истифода додани  агрегати аввали НБО «Роғун».

 

 

Ноябрь 10, 2018 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад