Хуршед Каримзода ва Аҳмад Решад Попал ҳамкории афзалиятноки дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Решад Попал, ки бо ҳайати ҳамроҳонаш дар ҷумҳурии мо қарор дорад, баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Хуршед Каримзода ва Аҳмад Решад Попал паҳлуҳои нави ҳамкории афзалиятноки дуҷонибаро баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки вохӯрии кории дуҷониба байни намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пурсамар хоҳад буд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 марти соли 2014 ба роҳ монда шудаанд.
«Маҳз ҳамин санади ҳуқуқӣ шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад»,- баён дошт Хуршед Каримзода.
Зикр карда шуд, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ бо истифода аз тамоми захираву имконоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ дода, барои густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Мавриди зикр аст, ки сафари кории ҳайати расмии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то 5 декабри соли 2018 идома ёфта, боздиди сардори мақомоти гумруки Афғонистон аз дидбонгоҳҳои наздисарҳадии «Панҷи Поён» ва «Кокул» — и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар назар аст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






