«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз беҳтарин қонунҳои асосӣ эътироф шудааст», — бардошт аз ҷамъомади Суди Олии иқтисодии мамлакат
ДУШАНБЕ, 05.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он дар мавзӯи «Конститутсия кафили таъмини адолати судӣ» ҷамъомад доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷамъомади мазкурро муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Аминзода ифтитоҳ намуда, гуфт: «Дар таърихи ҳар як миллат воқеаҳое ба амал меоянд, ки барои бунёди давлати миллӣ заминаи таърихӣ мегузоранд. 6 ноябри соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин рӯзи таърихӣ боқӣ мемонад, зеро маҳз дар ин рӯз бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардид».
Зикр шуд, ки қабули Конститутсия баробарҳуқуқии тамоми сокинони мамлакатро эътироф кард. Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд ва моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, таъйин кард.
«Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд»,-гуфта шуд дар ҷамъомад.
Бояд гуфт, ки адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирию талошҳо ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, имрӯз яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон мебошад. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






