Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба иштибоҳи худ иқрор кард

Ноябрь 24, 2018 14:10

ДУШАНБЕ, 24.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре хонандагони мо иттилоъ доранд, дар сомонаи АМИТ «Ховар» 22 ноябри соли равон таҳти сарлавҳаи  «ИҶОЗАТНОМА БАРОИ РИШ?!.» мақолаи интиқодӣ чоп шуда буд. Аслан он пурра аз вокуниши   Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба гузориши солонаи як созмони  ИМА  оид ба озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон иборат аст, ки Кумита ба Агентӣ ирсол намуда буд.

Дар робита ба ин мақола рӯзи дигар, 23 ноябр, ба АМИТ «Ховар» аз номи афсари хадамоти иттилоотии  Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷеф Риденор нома расид, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҳамкорони гиромӣ! Мехостам роҷеъ ба мақолаи интиқодии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи агентии миллии иттилоотии «Ховар»  зери сарлавҳаи «Иҷозатнома барои риш?!» чоп шудааст, як нуктаи муҳимро баён кунам. Ин гузориш гузориши Департаменти давлатии Амрико нест.

Гузориши Департаменти давлатии Амрикоро метавонед тариқи ҳамин пайванд дарёфт кунед. Гузорише, ки Кумитаи дин ба он такя мекунад, гузориши Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ (USCIRF) мебошад.

Боз як нуктаи дигар, ки бояд қайд шавад: Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар омода намудани гузориши Департаменти давлатӣ оид ба озодии динӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид мекунад».

Мо худи ҳамон рӯз вобаста ба номаи афсари Сафорати ИМА ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муроҷиат намудем.   Ва худи ҳамон рӯз Кумита расман бо имзои муовини Раис Ф. Олимзода ба мо нома навишта, ба иштибоҳи худ иқрор намуд. Кумита навиштааст:

«Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар матни вокуниши Кумита вобаста ба озодиҳои динӣ, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр гардид, саҳван ба ҷои Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ Департаменти давлатии ИМА навишта шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо хоҳиш менамоем, ки матни мазкур бо назардошти иштибоҳи зикршуда таҳрир карда шавад».

АМИТ «Ховар» иштибоҳи Кумитаро ислоҳ намуд ва аз хонандагони худ пӯзиш мехоҳад.

Ноябрь 24, 2018 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд