«Милитсияи Тоҷикистон — таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав ба нашр расид

Ноябрь 13, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 13.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави «Милитсияи Тоҷикистон-таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ» (назаре ба таърихи милитсияи тоҷик) ба нашр расид. 

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоби мазкур ба қалами омӯзгорони Академияи ВКД Бозоралӣ Асламов ва Файзалӣ Қосимов тааллуқ дошта, оид ба таърихи милитсияи тоҷик, тайёр кардани кадрҳо ва дастовардҳои соҳа дар солҳои Истиқлолияти давлатии мамлакат маълумот медиҳад.

Китоби мазкур таҳти назари доктори илми ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Ҷӯрахон Маҷидзода ва номзади илми таърих, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков ба нашр расидааст.

Зимнан, нақши милитсияи тоҷик дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хеле назаррас буда, кормандони он ҳамеша барои пойбарҷо мондани ин арзиши олии ватандорӣ саъю талош менамоянд.

Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи кӯтоҳ дар ин соҳа таҳаввулоти зиёдеро амалӣ намуд. Махсусан барои беҳтар шудани фаъолияти кормандонаш аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013–2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 далели нақши муҳим доштани ин соҳа дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун мебошад.

Китоб барои курсантон, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Ноябрь 13, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа