ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Ноябрь 7, 2018 08:25

ДУШАНБЕ, 07.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона -2-0   ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои бебориш пешгӯӣ    шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+5 ва рӯзона  +15+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда,  ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона +16+18   дараҷа хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона ба -1+4 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона 3+5  ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 7, 2018 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд