ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борон ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +1+6, рӯзона +10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -2-7 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баландии 2500 м боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ва рӯзона ба 7+12 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона +7+9 ва рӯзона +11+12 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






