ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона +6+11 ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона —0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона 0+5 ва рӯзона ба 11+16 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +1+3 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






