ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо фаромадани туман дар назар аст

Ноябрь 3, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 03.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  боридани борону  барф  ва фаромадани туман  дар назар аст.   Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  +1+6  ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок     шуда,  танҳо шабона дар  доманакӯҳҳо  боридани барф ва фаромадани туман   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона  5+10   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, шабона дар ноҳияҳои тобеи кӯҳӣ   боридани барф ва фаромадани туман    дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона +7+12   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда,  дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона ба -1+4  ва рӯзона  ба 5+10  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона боридани борон  дар назар аст.  Ҳаво  шабона +1+3  ва рӯзона +7+9  дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 3, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд