ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7, рӯзона 3+8 ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорат шабона ба +0 +5 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш шуда, шабона 3+5 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






