ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ бориши борону барф дар назар аст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, боридани борон ва дар баландиҳои 2000 метр аз сатҳи баҳр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, боридани борон ва дар баландкӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +4 +9 ва рӯзона ба 8+13 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки боронӣ шуда, шабона 5+7 ва рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






