ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шудааст

Ноябрь 17, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 17.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар  дошта шуда,  дар ғарби вилоят шабона – 4 — 9  ва дараҷа хунук ва  рӯзона  +6+11  гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона -19-24 дараҷа ва рӯзона -4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+2  ва рӯзона 10+12   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, баъзан боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+4 ва рӯзона +16+18   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона -1+4  ва рӯзона  ба  13+18  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона 2+4  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

 

Ноябрь 17, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд