Оилае, ки ҳаёти худро ба риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва оромию суботи мамлакат бахшидаанд

Ноябрь 10, 2018 11:24

ХОРУҒ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсияи тоҷик рӯзи 10 ноябр ҳамасола иди касбии худро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон сулолаи оилаҳое ҳастанд, ки ҳаёти худро ба ҳифзи тартибу низом дар давлат ва амнияти ҳамватанонашон  бахшидаанд. Оилаи Азизуллоевҳо аз деҳаи  Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон  аз зумраи чунин оилаҳо мебошад.

Дар бораи сарвари ин оила-Саъдулло Азизуллоев, ки тамоми умри худро дар хизмати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат сипарӣ намуда буд, солҳои гуногун дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ  мақолаҳои зиёде ба нашр расиданд. Мавсуф дар баробари кори заҳматталабу шабонарӯзӣ боз вақт пайдо карда, ба  корҳои эҷодӣ машғул мешуд. Ӯ баъди ба нафақа баромадан бо номи  «Сурудҳои тӯёнаи мардуми кӯҳистон» китоб ба нашр расонид.

Саъдулло Азизуллоев соли 1944 ба мактаби милитсияи шаҳри Душанбе ( собиқ Сталинобод) дохил шуда, пас аз хатми он фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ваколатдори гурӯҳи махсуси шуъбаи дуюми Раёсати корҳои дохилии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуд.  Сипас ду сол дар вазифаи сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯшон кор кард. Аз солҳои 1966 то соли 1971 вазифаи муовини сардори осоишгоҳи табобатӣ- меҳнатии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро ба уҳда дошт. Баъдан дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун кор кард.

Барои хизматҳои шоён дар милитсияи шӯравӣ ва Тоҷикистон бо чандин медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардид. Соли 2015 аз дунё даргузашт. Се писари Саъдулло Азизуллоев касби падари худро интихоб карда, ба ҳайси афсари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бенуқсон ифои вазифа намуданд. Писари калониаш полковник Шукруллоҳ Азизуллоев баъди хатми Академияи  Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намудааст. Ӯ ҳоло омӯзгори калони кафедраи фаъолияти фаврӣ- ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фарзанди дигараш Сунатулло Азизуллоев низ баъди ба итмом расонидани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои масъулиятноки Раёсати корҳои дохилӣ кор карда, бо рутбаи подполковник ба нафақа баромад.

Фарзанди хурдияш Шарафуллоҳ Азизуллоев дар мақомоти амниятии кишвар кор карда, ҳоло бознишаста мебошад.

Кори пуршарафи Азизуллоевҳоро ҳоло наберагон идома медиҳанд.

Ноябрь 10, 2018 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст